М  У  Р  О  Д  А  Л  И 1

 

-

Пирамарде накшгар дар чуб буд,

Накши у дар чашми мо матлуб буд,

Новае созад ва ё сетору най,

Хар чи буд дар зери дасташ хуб буд.

-

Руи у чун партави хуршеди нав

Рехта чисмаш ва пухта дар алав.

Панчахояш реша ё шохи чанор,

Риш гандумзори монда аз дарав.

-

Синааш бикшода бар боди сабо,

Чашмхо исторагоне дар хаво

Абрувон боли укобони баланд,

Ханда бар лаб офтоби пурсахо.

-

Аз пасаш дар кучахои сангзор,

Мо давон чун чучахои навбахор.

Гу амак, оё хакикат ин бувад,

Аспаке сози, ки бошад болдор.

-

Аспи ту аз куллахои мо парад,

Метавонад обу оташро барад,

Най навози, бозгардад аспи ту,

Гар ба по занчир дорад, меканад.

-

Най навози, об гардад барфи сахт,

Гунча мебандад магар шохи дарахт.

Чарда2 меояд фуруд аз осмон,

Сабза меруяд ба атрофи Арахт3.

 -

Гу, амак бар мо, ки дар тори рубоб

Ин чи асроре бувад, к-аз изтироб,

Чашма бедармон шавад дар сангзор,

Абр мепечад ба оханги шитоб?!

 -

Гу, амак, дар гушаи сетори ту,

Метавонад чамъ гардад оби чу?

Метавонад аспи ту, сетори ту,

Мурдаеро об резад дар гулу?

-

Гу, амак бар тори танбури ту кас,

Гар занад нохун ба оханги хавас,

Зинда гардад модараш дар хокдон,

Дастгум аз нав бигардад дастрас?

-

Мо ба ин рангу ба ин тарзи савол,

Аз пасаш то коргах гашта кашол.

Аспи ман, - гуфт у, - шуморо мебарад.

То ба даргохи саодат бемалол.

-

Баъд аз ин гуё, ки аз хар як дара,

Аз бари куху зи тори шаршара,

Мешавад овози модар гушрас,

Охуи кухам, биё охубара.

-

Шахр пургавго шавад аз доди мо,

Мерасад то куллахо фарёди мо.

Мо дар ин рах бахти худ чуё шавем,

Шод мон, эй кучаи ободи мо.

1 Муродали Сафоев, устоди мактаб, бехтарин созандаи асбобхои мусикии мардуми Бадахшон, ихтироъгари баландмаком (як навъи асбоби мусики, ки 12 тор дорад), мутриб, мусикидон ва овозхони писандидае буд.

2 Мурги хилолро дар Бадахшон чарда низ гуянд.

3 Рудборе дар Бадахшон.

Сайт управляется системой uCoz